Посдории иди ниёгон дар Суғд

Пайки Сугд
Пайки Сугд
Рӯзи 27-уми март бо иқдоми роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар саҳни бинои маъмурии Раёсат бо иштироки ҳайати шахсӣ маҳф ...
Рӯзи 27-уми март бо иқдоми роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар саҳни бинои маъмурии Раёсат бо иштироки ҳайати шахсӣ маҳфили Наврӯзӣ баргузор гашт. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ гиромидошт аз иди ниёгон - Наврӯз аст, ки таҷлили он миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад.
Қобили қайд аст, ки дар таърихи фарҳанги тоҷику форс ҳеҷ як иду ҷашнворае чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Таърихи беш аз панҷҳазорсолаи ин иди ниёгон далели гуфтаҳост.
Дар наврӯзгоҳи Раёсат ҳайати шахсӣ ва фарзандони онҳо бо рӯҳияи идона сарҷамъ гардида, анъана ва расму оини таърихии Наврӯзро бо шароити имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пайвандсозӣ намуданд. Нахуст сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич иштирокчиёни чорабинии наврӯзиро таҳният гуфта, оиди таърихи пайдоиш, мавқеъу манзалат ва хусусиятҳои хоси иди ҷаҳонии ниёгон – Наврӯз сухан кард.
Зикр гардид, ки тавре аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Мувофиқи қарори СММ ҳамасола иди Наврӯзро дар тамоми давлатҳои дар ҳайати СММ буда ҷашн мегиранд. Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст.
Гӯшаи таърихӣ, таому хӯриш ва унсурҳои фарҳангии хоси Наврӯз фароҳам карда шуда ҳомиёни назму тартибот шодии наврӯзӣ карданд. Дар наврӯзгоҳи Раёсат баъзе аз расму оини наврӯзӣ, аз ҷумла барномаи театрикунонидашуда, ки аз таърихи пайдоиши Наврӯз маълумот медод ва бо иштироки наврасон маросими гулгардонии бойчечак намоиш дода шуда, ба иштирокчиёни чорабинӣ пайғоми наврӯзӣ оварданд.
Чунин рӯзи хуш, ки иттиҳодро талқин менамуд хоси Наврӯз буда, баъди ҳазорсолахо низ Наврӯз ҷашни муттаҳидӣ ва хуҷаста будани худро собит менамояд. Таваҷҷуҳ намудан ба ҷашну маросимҳои Наврӯзӣ аз ҷониби милитсияи Суғд ба хотири он аст, ки дар баробари мардуми касбу кори гуногун кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ расму ойинҳо ва ёдгориҳои аҷдодиро посу гиромӣ медоранд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия

همه توضیحات ...